Доир ба тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олии касбӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тайёр намудани кадрҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва салоҳиятнокии мутахассисон ба доираи вазифаҳои муҳимтарини давлатӣ дохил гардида, ба он фаҳмиш асос ёфтааст, ки кадрҳои ихтисосманд ва салоҳиятнок қодиранд сари вақт, ихтисосмандона ва эҷодкорона ба масъалаҳои замони муосир вокуниш намоянд. Онҳо дар амалишавии сиёсати иҷтимоии давлат яке аз воситаҳои калидӣ ва муҳим маҳсуб мешаванд. Ин нукта 23 декабр зимни баргузории ҳамоиш дар мавзӯи «Тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиши мазкур дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндагони якчанд вазорату идора, кумита, донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷҳои тиббӣ ва ширкони рушд иштирок намуданд.
Шодихон Ҷамшед зимни ҳамоиш иброз намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ низ бори дигар ҳадафҳои олии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро баён дошта, иброз намуданд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Дар ин самт дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаҳои давлатӣ идома дорад.
Таҳлили вазъият нишон медиҳад, ки тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб дар шароити имрӯза баҳри амалӣ гардидани тадбирҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисодиёти миллӣ дар солҳои минбаъда заминаи боэътимод муҳайё менамояд.
Дар идомаи ҳамоиш иштирокчиён доир ба мавзӯи «Тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфтанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид






