«Дурӯғ одамиро кунад бефурӯғ» — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Декабрь 2, 2021 11:54

ДУШАНБЕ, 02.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершуморе ба нашр расонид, ки шарҳи мухтасари онҳоро манзури хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон   —  «Ҷумҳурият» дар шумораи №240 (24 347), чоршанбе,  1 декабри соли 2021 дар саҳифаи аввал маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вохӯрии Пешвои миллат бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳури  Корея, инчунин шарҳи пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022»-ро   ба нашр расонидааст.

Ҳамчунин дар ин шумора хонандагон имкон доранд ду маводи таҳлилиро  таҳти унвони «Дурӯғ одамиро кунад бефурӯғ» ва «Беадаб танҳо худро дошт бад…» мутолиа намоянд.

Муаллифи мақолаи «Дурӯғ одамиро кунад бефурӯғ» — прокурори калони раёсати назорати  қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ  Рустам Тағдирзода нигоштааст, ки «бархе мардум аз содагӣ ва ё зудбоварӣ ба доми фиреби ҳар касу нокас афтода, мутеъву побанди фитнаи ашхоси қаллоб мегарданд. Шояд ин содагиву зудбоварӣ аз софдилию боинсофии чунин шахсон маншаъ гирад. Софдилие, ки дар бештари маврид боиси пайомадҳои ногувор ва зиёни маънавию моддӣ дар рӯзгори онҳо мегардад.

«Солҳои охир ҷиноятҳои иқтисодӣ, аз ҷумла бо тариқи қаллобӣ тасарруф кардани маблағ ва амволи шаҳрвандон, зиёд ба чашм мерасанд»,- мегӯяд номбурда дар тақвияти гуфтаҳои боло.

«Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Охонов Тошбек Бахтиёрович бо моддаи 247, қисми 4, банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки ӯ дар содир кардани ҷиноят, пеш аз ҳама, аз зудбоварӣ ва содагии ҷабрдидагон суистифода намудааст. Чунончи, номбурда бо мақсади қаллобӣ ба бовари шаҳрванд Илёсов Умедҷон Ғиёсиддинович даромада, аз вай автомашинаи тамғаи «Лексус» RХ-330-ро ба маблағи 65000 сомонӣ нарх гузошта ба охирин маблағи 20000 сомонӣ дода, ваъда медиҳад, ки маблағи боқимондаро давоми як моҳ ба пуррагӣ мепардозад. Вале, Т. Охонов автомашинаро ба маблағи 57000 сомонӣ фурӯхта, пули бо роҳи ҷиноятӣ бадастовардаашро  ба манфиати худ сарф намудааст. Ӯ бо ҳамин тарзу усул ба бовари шаҳрвандон Сидиқов М. Б., Ҳайдаралиев М. М. ва Шоҳрӯзи Шодӣ даромада, бо пардохти як қисми арзиши амвол автомашинаҳои онҳоро ба таври қаллобӣ аз худ намуда, маблағи аз фурӯши онҳо бадастовардаро ба манфиати худ сарф кард. Дар натиҷа, ба Сидиқов М. Б. ба маблағи 42000 сомонӣ, ба Ҳайдаралиев М. М. 120000 сомонӣ ва ба Шоҳрӯзи Шодӣ 55000 сомонӣ зарари моддӣ расондааст. Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ, ҷиноятҳои дигари ба ин монанд низ ошкор шуданд»,-омадааст дар маводи мазкур.

Прокурор таъкид менамояд, ки  барои ба доми қаллобон наафтодан, шаҳрвандон бояд дар мавриди харидуфурӯши амволи гаронарзиш ва додани қарз ҳуҷҷатҳои расмиро тартиб дода, онро дар идораҳои нотариалии давлатӣ расмӣ намоянд, то ин ки дар оянда ба доми фиреби қаллобон наафтанд.

Дар шумораҳои дигари рӯзнома хабару гузоришҳои ҷолиб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, инчунин хабарҳо аз хориҷи мамлакат низ чоп гардидаанд.

«Садои мардум» —  нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар шумораи №145 (4407), панҷшанбе, 2 декабри соли 2021 мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Чон Ий Ён ва Рашид Мередов, маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хабару гузориш аз навидҳои ҳафтаи сипаригардидаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр намудааст.

Дар ин шумора мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Алимирзамин Гаввам Оглу Аскаров ва Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс, иштироки Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шӯрои АБ СААД ва иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи АБ ИДМ, инчунин таҳти унвони «Корупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босубот аст» муҳокимаи парламентӣ низ чоп шудаанд.

Инчунин ин шумораи рӯзнома хонандагонро бо шарҳи пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» шинос менамояд.

 «Народная газета» — нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №47, (20327), чоршанбе,  1 декабри соли 2021, дар саҳифаи аввал маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқоти Пешвои миллатро бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ён, иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Ашқобод ва мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022»-ро интишор намудааст.

Матолиби дигари шумора таҳти унвони «30 лет Государственной независимости: как развивалось здравоохранение Таджикистана», «Скажем гендерному  насилию – нет!», «30 лет совместных усилий и реагирования» ба нашр расидаанд.

«Минбари халқ» —  нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №48 (1342), чоршанбе, 1 декабри соли 2021   иштироки Пешвои миллат дар 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Ашқобод, мулоқоти Сарвари давлат бо як гурӯҳ роҳбарони давлатҳо, маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти мамлакат ва дигар хабару гузоришҳоро ба табъ расонидааст.

Инчунин дар ин шумора таҳти унвони «ҲХДТ — зодаи тафаккури Пешвои миллат», «Экстремизм ва оқибати он», «Саҳми Ҳукумат дар мубориза бо ВНМО», «Самараҳои Истиқлол», «Меъмор», «Хатари экологӣ» ва дигар матолиби хонданӣ рӯи чоп омадаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 2, 2021 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Зан-модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оин, анъанаҳо ва либоси миллӣ будааст
ИН ҶАҲОНРО НИГАР БА ЧАШМИ ХИРАД. Панду андарзҳои Рӯдакӣ то имрӯз барои покии ахлоқ ва равшан гардонидани дилҳо хизмат менамоянд
«ҒАЗАЛ РӮДАКИВОР НЕКӮ БУВАД…». Шеъри Устод Рӯдакӣ имрӯз ҳам пешгоми мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад
ЛИБОСИ МИЛЛӢ-ШИНОХТИ МИЛЛАТ. Арҷ гузоштан ба он нишонаи эҳтиром ба гузаштагон аст
БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
АБАРУСТОДИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар дар даври вилоятии озмун иштирок менамоянд
Мавсими 87-уми театрӣ бо операи «Рӯдакӣ» оғоз гардид
УСТОД РӮДАКӢ-БУНЁДГУЗОРИ ФАРҲАНГ, АДАБИЁТ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсия баргузор шуд
Ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Чин густариш меёбад
«СИТОРАҲОИ ИТТИҲОД». Профессор аз Тоҷикистон соҳиби ин ҷоизаи байнидавлатӣ гардид