ЭҲТИЁТ БОШЕД! 17-18 декабр дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳои Тоҷикистон фаромадани туман дар назар аст
ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат 17-18 декабр дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо фаромадани туман дар назар аст. Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ба сокинон ва меҳмонон якчанд тавсияҳоро пешниҳод менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
КҲФ тавсия медиҳад, ки туман боиси чунин хатарҳо, аз қабили нонамоён будан, монеъ шудан ба ҳаракат дар роҳу нақлиёт ва афзоиши эҳтимолии садамаҳои нақлиётӣ шуда метавонад.
Барои он ки одамон худро ҳангоми туман то ҳадди имкон муҳофизат намоянд, пеш аз ҳама:
— шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг ва нафастангӣ аз берун баромадан худдорӣ намоянд;
— пиёдагардон ҳангоми аз кӯчаю роҳҳо гузаштан бояд ниҳоят эхтиёткор бошанд;
— ронандагони воситаҳои наклиёт суръати ҳаракатро кам карда, қоидаҳои ҳаракатро катъиян риоя кунанд;
-эҳтиёт бошанд, суръати ҳаракати аз меъёр зиёдеро, ки обу ҳаво ва шароити роҳ имкон намедиҳад, баланд накунанд;
-Дар чорроҳаҳо ва гузаргоҳҳои пиёдагард зиракӣ зоҳир намоянд;
— суръати харакатро бо назардошти шиддат, хусусият ва ҳолати воситаҳои нақлиёт ва бор, роҳ ва шароити табиӣ, аз ҷумла, намоён будани самти ҳаракат риоя кунанд.
КҲФ хотиррасон мекунад: набояд фаромӯш кард, ки туман барои ҳамаи истифодабарандагони роҳ хатар дорад.
Бодиққат ва эҳтиёт бошед! Рақами ягона барои ёрӣ ва наҷотдиҳӣ: 112, шуъбаи изтирории КҲФ: 93 880 28 19, 223 13
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






