Филми коргардони ҷавони тоҷик бо номи «Хирсҳо» дар Кинофестивали байналмилалӣ дар Канада намоиш дода шуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр дар Кинофестивали байналмилалии «8th Toronto Independent film Festival of Cift» дар Канада филми коргардони ҷавони тоҷик Пайрав Шарифов бо номи «Хирсҳо» намоиш дода шуд. Филми мазкур ҳамчунин 14 январи соли 2022 дар Фестивали «Short Shot Fest», ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор мегардад, намоиш дода мешавад. Дар ин бора коргардони филми мазкур Пайрав Шарифов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Филми «Хирсҳо» маротибаи аввал нест, ки дар чунин кинофестивалҳои байналмилалӣ ба намоиш гузошта шуда, соҳиби ҷоиза мегардад. Аввалин ҷоизаро барои «Беҳтарин нақши мардона» ин филм дар 2-юмин Кинофестивали байналмилалии «DREAMER», ки аз 2 то 4 ноябри соли равон дар Қазоқистон баргузор гардид, соҳиб шуд.
«Ҳадафи мо танҳо иштирок дар фестивал буд ва бовар надоштем, ки филм соҳиби ҷоиза мешавад. Хушбахтона ба гирифтани ҷоиза мушарраф гардидем. Пас аз ҷоизаи аввалин, мо филмро ба дигар фестивалҳо пешниҳод намудем. Маротибаи дуюм филми «Хирсҳо» дар 5-умин Кинофестивали байналмилалии «ZILANT», ки 5-6 моҳи ноябр дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия баргузор гардид, намоиш дода шуд ва дар номинатсияи «Беҳтарин филми донишҷӯ» соҳиби ҷоиза гардид. Бори сеюм филмро ба 2-юмин Кинофестивали «Best Istanbul Film Festival», ки дар Туркия баргузор шуд, пешниҳод кардем. Хушбахтона, дар ин ҷо ҳам филм соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин коргардон – донишҷӯ» шуд», -гуфт Пайрав Шарифов.
Филми «Хирсҳо» дар бораи зиндагии кутоҳи пирамард ва наберааш дар ҷангал нақл мекунад. Пирамард зодаи даврони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва наберааш зодаи замони истиқлол буда, дар филм тафовути андешаву ҷаҳонбинии онҳо нишон дода мешавад. Филм дар шаҳри Санкт – Петербург ба навор гирифта шудааст.
Тавре муаллифи филм Пайрав Шарифов изҳор медорад «Сенарияи филм қисман аз ҳаёти воқеии худам аст. Воқеаеро, ки чанд сол қабл бо худам рух дода буд, бо якчанд ҳаводису саҳнаҳои дигар якҷо намуда, филмномаро таҳия кардам. Раванди сабти филм хеле мушкил буд, чунки ҳамаи саҳнаҳои филм дар берун сабт мешуданд ва сардии ҳаво ба мо мушкилӣ пеш меовард. Яке аз қаҳрамонҳои филм, ки кӯдак буд, ҳангоми сабт дар ҷангал ба хунуки тоб намеоварду зуд хаста мешуд. Ҳатто мошинеро, ки барои филм истифода мебурдем, вайрон шуда, корамонро ба таъхир мегузошт. Новобаста аз ин мушкилиҳо, мо дар муддати 6 моҳ филмро ба навор гирифта, нахустин бор 30 сентябри соли равон дар донишкада ба намоиш гузоштем».
Пайрав Шарифов хатмкардаи мактаби синамогарони ҷавони назди Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» буда, айни ҳол донишҷӯи курси 4-уми бахши коргардонии Донишкадаи давлатии синамо ва телевизиони шаҳри Санкт – Петербург мебошад.
АКСҲО аз манбаъҳои боз








Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид






