Филми коргардони ҷавони тоҷик бо номи «Хирсҳо» дар Кинофестивали байналмилалӣ дар Канада намоиш дода шуд

Декабрь 18, 2021 11:43

ДУШАНБЕ, 18.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр дар Кинофестивали байналмилалии «8th  Toronto Independent film Festival of Cift» дар Канада филми коргардони ҷавони тоҷик Пайрав Шарифов бо номи  «Хирсҳо» намоиш дода шуд. Филми мазкур ҳамчунин  14 январи соли 2022 дар Фестивали «Short Shot Fest», ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия  баргузор мегардад, намоиш дода мешавад. Дар ин бора  коргардони филми мазкур  Пайрав Шарифов  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Филми «Хирсҳо» маротибаи аввал нест, ки дар чунин кинофестивалҳои байналмилалӣ ба намоиш гузошта шуда,  соҳиби ҷоиза мегардад.  Аввалин   ҷоизаро барои   «Беҳтарин нақши мардона»  ин филм дар 2-юмин Кинофестивали байналмилалии «DREAMER», ки аз 2 то 4 ноябри соли равон  дар Қазоқистон баргузор гардид, соҳиб шуд.

«Ҳадафи мо   танҳо иштирок дар фестивал буд ва  бовар надоштем, ки филм соҳиби ҷоиза мешавад. Хушбахтона ба гирифтани ҷоиза мушарраф гардидем. Пас аз ҷоизаи аввалин,  мо филмро ба дигар фестивалҳо пешниҳод намудем. Маротибаи дуюм филми «Хирсҳо» дар 5-умин Кинофестивали байналмилалии «ZILANT», ки 5-6 моҳи ноябр дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия баргузор гардид, намоиш дода шуд  ва  дар номинатсияи «Беҳтарин филми донишҷӯ» соҳиби ҷоиза  гардид. Бори сеюм филмро ба 2-юмин Кинофестивали «Best Istanbul Film Festival», ки дар Туркия баргузор шуд, пешниҳод кардем. Хушбахтона, дар ин ҷо ҳам филм соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин коргардон – донишҷӯ» шуд», -гуфт  Пайрав Шарифов.

Филми  «Хирсҳо»  дар бораи зиндагии кутоҳи пирамард ва наберааш дар ҷангал нақл мекунад. Пирамард зодаи даврони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва наберааш зодаи замони истиқлол буда, дар филм тафовути андешаву ҷаҳонбинии онҳо нишон дода мешавад. Филм дар шаҳри Санкт – Петербург ба навор гирифта шудааст.

Тавре муаллифи филм Пайрав Шарифов изҳор медорад  «Сенарияи филм қисман аз ҳаёти воқеии худам аст. Воқеаеро, ки чанд сол қабл бо худам рух дода буд, бо якчанд ҳаводису саҳнаҳои дигар якҷо намуда, филмномаро таҳия кардам. Раванди сабти филм хеле мушкил буд, чунки ҳамаи саҳнаҳои филм дар берун сабт мешуданд ва сардии ҳаво ба мо мушкилӣ пеш меовард.   Яке аз қаҳрамонҳои филм, ки кӯдак буд, ҳангоми сабт дар ҷангал ба хунуки тоб намеоварду зуд хаста мешуд. Ҳатто мошинеро, ки барои филм истифода мебурдем, вайрон шуда, корамонро ба таъхир мегузошт. Новобаста аз ин мушкилиҳо, мо дар муддати 6 моҳ филмро ба навор гирифта, нахустин бор 30 сентябри соли равон  дар донишкада ба намоиш гузоштем».

Пайрав Шарифов хатмкардаи мактаби синамогарони ҷавони назди Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» буда, айни ҳол донишҷӯи курси 4-уми бахши коргардонии Донишкадаи давлатии синамо ва телевизиони шаҳри Санкт – Петербург мебошад.

                                 АКСҲО аз манбаъҳои боз

Декабрь 18, 2021 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба роҳҳои асосии паҳншавии одамони қадим дар Осиёи Марказӣ машварати илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба мавзуи буҳрони ғизоии Афғонистон ва таъсири он ба тоҷикони Афғонистон ҳамоиш доир шуд
Байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
МУБОРАК БОШАД! «Куллиёти Мавлоно» ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш бозёфтҳои асри санг намоиш дода шуд
Дар Душанбе ҳамоиши навбатии илмӣ аз силсилаи маҳфилҳои «Тоҷикони барӯманди Афғонистон» баргузор гардид
Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари бадеии Театри тамошобини ҷавон «Аҳорун» Сабоҳат Қосимова аз олам даргузашт
ТАВАҶҶУҲ! Бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон намоиш-фурўши китобҳои бачагона доир мешавад
Рассоми чинӣ Сан Чао Тен расми Президенти Тоҷикистонро бо санъати баланд тасвир намудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Озмуни якуми байналмилалии рушди санъати миллӣ оғоз шуд
СУРАТ-ДАЛЕЛ. Либоси миллӣ нишонаи тамаддун ва фарҳанги қадимии тоҷикон аст