Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба хона-интернат ва қисми ҳарбии ноҳияи Шаҳристон туҳфаҳои идона тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ 28 декабр аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хона-интернати ноҳияи Шаҳристон ва қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шаҳристон туҳфаҳои солинавӣ ва маводи ғизоӣ, аз ҷумла равған, орд, шакар, биринҷ, макарон ва ғайра расонида шуданд.
Иқдоми мазкур рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастии сарбозони қисмҳои низомиро баланд бардошта, аз ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат дарак медиҳад.
Инчунин 28 декабр дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2»-и шаҳри Душанбе маводи ғизоӣ бурда, ба кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.
АКС: Хадамоти зиддиинҳисорӣ








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






