IRS: Маҳдудияти барои гузариш пешбинишуда дар нақби «Истиқлол» имрӯз ҷорӣ намегардад
ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати IRS дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз маҳдудияти гузариш аз нақби «Истиқлол» аз соати 09:00 то 13:00, ки қаблан пешбинӣ шуда буд, ҷорӣ намегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бориши барф дар баъзе қитъаҳо идома дошта, кормандони филиали ширкат мунтазам роҳро аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки филиали мазкур барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагии Варзоб 4312,5 метри кубӣ маводи зиддилағжиш, 150000 литр сӯзишвории дизелӣ, 80 тонна ангишт, 30 метри кубӣ ҳезум, 4100 литр равғани молиданӣ, 1700 литр антифриз захира намуда, 44 техникаву механизми барои ин мавсим пешбинишуда дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Дар намояндагии Зарафшон низ омодагӣ ба мавсими сармо ҷиддӣ буда, захира шудани 5600 тона қум, 410 тонна намак, 90 тонна сӯзишвории дизелӣ, 16 тонна ангишт, 10 метри кубӣ ҳезум шаҳодати ин гуфтаҳост. Сӣ техникаи махсус ба мавсими тирамоҳу зимистон омода мебошанд.
Дар намояндагии филиали ширкат дар минтақаи Суғд низ 4000 тонна қум, 350 тонна намак, 40000 литр сӯзишвории дизелӣ, 20 тонна ангишт, 20 метри мураббаъ ҳезум захира шудааст. 34 адад техникаву механизм ба мавсими зимистон пурра омодаанд.
Баробари расидани иттилои нав оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.
АКС: маркази матбуоти ширкати IRS








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






