Ҳизбиёни Хатлон зимни амалиёти «Рӯзи ёдоварӣ» ҳудуди оромгоҳҳоро тоза намуданд
ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб якчанд иқдомҳои ободониву созандагиро мавриди амал қарор додаанд. Амалиёти вилоятӣ оид ба тоза намудани ҳудуди оромгоҳҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» аз зумраи чунин ташаббусҳо мебошад, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Аз оғози соли 2021 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамоиши вилоятӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор гардида истодааст, ки ташаббускорон дар якҷоягӣ бо сокинон ҳудуди оромгоҳҳоро тоза менамоянд. Ин чорабинии оммавӣ дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда, то имрӯз миёни ҷомеа ҳамовозии зиёд пайдо кардааст.
Дар доираи ҷонибдорӣ аз ин ташаббуси хайрхоҳонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сокинони вилояти Хатлон ҳар моҳ рӯзи якшанбеи охир ба тоза кардани оромгоҳҳои маҳали худ машғул мешаванд.
Ин аст, ки давоми соли 2021 дар ҳошияи ҳамоиши “Рӯзи ёдоварӣ” ташаббускорон дар якҷоягӣ бо сокинон 1865 маротиба дар оромгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳашарҳои умумӣ гузаронида, дар ин амали хайр қариб 177 ҳазор нафар сокинони маҳал иштирок намудаанд.
Дар идомаи ҳамоиши мазкур ташаббускорон дар баробари тоза кардани қабристонҳо, роҳравҳоро ҳамвору сангфарш намуда, дар ҳудуди оромгоҳҳо қариб 80 ҳазор бех ниҳол шинонидаанд.
АКС аз КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






