Китобхона дорухонаи қалб ва китоб ғизои маънавист,-бардошт аз Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
ДУШАНБЕ, 10.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар номинаҳои адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии он ҷараён дорад, пурсиши хонандагони мактабҳои миёна ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба анҷом расида, пурсиши омӯзгорон, кормандон ва дигар қищри аҳолӣ идома дорад.
Сарбози қатории қисми ҳарбии Гвардияи миллии Тоҷикистон Ваҳдатшо Малишоев аз зумраи иштирокчиёни номинаи адабиёти классикӣ буда, беш аз 120 ғазал, 120 дубайтӣ ва рубоӣ, 150 байт аз достон, 150 байт қасида ва дигар навъҳои шеъриро аз худ кардааст. Мавсуф изҳор дошт, ки китоб хондан дар қалби инсон нуреро бедор мекунад, ки тавассути он метавон зиндагиро бо нигоҳи нав дид. Новобаста аз он ки ҳамсуҳбати мо сарбоз буда, масъулияти ҳифзи Ватанро бар дӯш дорад, мегӯяд, ки «агар завқу рағбати китобхонӣ дошта бошӣ ва дилат барои хондан ҷӯш занад, дар дилхоҳ кору масъулият фурсати китобхонӣ ёфта метавонӣ. Ман дар китобхонаи қисми ҳарбиямон баъди фориғ шудан аз тамринҳо ба мутолиаи китоб машғул мешавам. Ин аст, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтам».
«Китобхона дорухонаи қалб аст, китоб ғизои маънавист, зеро инсон баъди мутолиа худро хушҳолу болида эҳсос мекунад. Шахс бояд пайваста китоб хонад, то бедордилу комёб гардад»,- гуфт омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Дӯстӣ Нарзуло Назаров, ки дар озмун аз рӯи номинаи адабиёти бачагона ширкат дошт. Мавсуф изҳор дошт, ки ба ҳар суоле, ки доварон пешниҳод карданд, то ҷойе тавонистааст посух бигӯяд. Ба андешаи ӯ, омӯзгор, ки вазифааш тарбияи насли оянда аст, бояд дар китобхонӣ барои шогирдонаш намуна бошад.
Дар озмуни имсола намояндагони касбу кору гуногун фаъолона иштирок доранд ва Ҳоким Давлатов аз ҳамин зумра мебошад. Шуғли асосии мавсуф кишоварзӣ буда, ӯ дар ихтиёр 1,5 гектар замин дорад ва ба парвариши пахтаю дигар зироати кишварзӣ машғул аст. Ҳоким Давлатов аз ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ буда, дар озмун аз рӯи номинаи адабиёти муосир иштирок кардааст. Дар суҳбат бо мо гуфт, ки то ба даври ҷумҳуриявӣ омадан дар марҳилаҳои ноҳиявию шаҳрӣ ҷойи аввал ва дар даври вилоятӣ мақоми дуюмро касб намуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтааст.
«Як рукни зиндагии мо, инсонҳо бояд хондани китоб бошад. Ман аз китобхонаи деҳот ва маркази ноҳия истифода мекунам ва як пешниҳод дорам. Дастрасии нафароне, ки дар маркази пойтахт ё шаҳру ноҳия ҳастанд, ба китобу китобхона осон аст, вале дастрасии шахсони музофотӣ дар ин масъала хеле мушкил аст. Бояд дар озмун ба ҳамин ҷузъҳо низ таваҷҷуҳ карда шавад, масалан як кишоварзро намешавад бо устоди донишгоҳу омӯзгори мактаб муқоиса кард. Хуб мешуд, ки дар оянда дар ҳамин масъалаҳо таҷдиди назар карда шавад», гуфт кишоварз Ҳоким Давлатов.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Ховалинг, Лахш, Сангвор, Рашт, Балҷувон ва Дарвоз баргузор мегарданд
Китоби «Аз забони ориёӣ то забони тоҷикӣ» ба нашр расид
Сахидод Раҳматуллозода: «Ба фарзандонатон номҳое гузоред, ки дар оянда аз он ифтихор намоянд»
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Кинофестивали VII байналмилалии «Дарвозаҳои ғарб» соҳиби Шоҳҷоиза шуд
Директори АМИТ «Ховар» дар Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Имрӯз дар Бишкек Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид






