Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар Хатлон корҳои фаҳмондадиҳӣ-иттилоотиро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 10.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони масъули Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи энергетикии ноҳияи Кӯшониён, бо сокинони ҷамоати деҳоти У.Назарови ноҳияи Қубодиён, ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус вохӯриву суҳбатҳо доир намуда, дар ин зимн як зумра шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд соҳиби гувоҳномаи истиқомат гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии мамлакат.
Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма дар байни аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку ноҳияҳо, донишгоҳҳо, коллеҷу мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ-иттилоотӣ гузаронида, ба шаҳрвандон доир ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои барориши соли 2014, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2019 «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди кишвар қарор доранд» маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.
Аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин мавзӯъ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома доранд.
АКСҲО: ВКД








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






