Куҳансолтарин ходими сиёсии Тоҷикистон Низорамо Зарипова: «Дилпурем, ки давлату Ҳукумати мамлакат пушту паноҳи мост»

Декабрь 30, 2021 09:23

ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Чун анъана дар арафаи Соли нави мелодӣ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат ва ходимони сиёсӣ рафта, онҳоро бо фарорасии соли 2022 табрик намуданд. Аз ҷумла, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода ба хонаи куҳансолтарин ходими сиёсӣ  Низорамо Зарипова  ва генералбонуи сиёсатмадор Раъно Каримова рафта, ба онҳо табрикоти солинавии  роҳбарияти шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомониро расонид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар пайравӣ ба ҳидоятҳои инсонпарваронаи Пешвоои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ кормандони масъули  ноҳияи Исмоили Сомонӣ  ва дигар ноҳияҳои пойтахт  дар арафаи тамоми ҷашну идҳо ба  аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат ва ходимони сиёсии ноҳия  рафта,  бо вазъи зиндагии онҳо шинос шуда,  барояшон кумакҳои моддию маънавӣ мерасонанд.

Низорамо Зарипова ва Раъно Каримова аз чунин ғамхории давлату Хукумат, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нисбат ба насли калонсол, нафарони хизматнишондода ва шахсони ниёзманд изҳори хушнудӣ ва сипос намуданд.

«Барои мо кумаки молию пулӣ  муҳим нест. Мо аз он шодем,  ки хизматҳои моро  фаромӯшамон накардаанд ва аз ин  қадрдонӣ сарфароз гашта, дилпурем, ки давлату Хукумати мамлакат пушту  паноҳи мо мебошад», — гуфтанд онҳо.

Ёдовар мешавем, ки дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат чун анъана аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои охири соли 2021 ва фарорасии соли нави мелодии 2022 ба зиёда аз 11 ҳазор нафар, аз ҷумлаи ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахти мамлакат кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд,

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Декабрь 30, 2021 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст