Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба Донишкадаи олии сарҳадӣ кумак расонид

Декабрь 16, 2021 15:53

ДУШАНБЕ, 16.12.2021 /АМИТ Ховар/. 15 декабр, дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд, хабар доданд аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар».

Кумак аз маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, шакар, консерваи гӯштӣ, нахӯд, лӯбиё, макарон, биринҷ, гӯшт, тухм ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал иборат буд.

Зимни суҳбат бо сарбозону афсарон роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ иброз намуданд, ки ғамхорӣ нисбат ба ин қишри ҷомеа зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Сарбозону афсарон аз ин иқдоми роҳбарияти Кумита шод гардида, бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва сиёсати дурбинонаи Ҳукумати мамлакат изҳори миннатдорӣ намуданд.

Чунин иқдоми неки роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғду Хатлон ва ВМКБ низ роҳандозӣ гардид.

АКСҲО: Кумитаи бехатарии озуқаворӣ

Декабрь 16, 2021 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд