Лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» пурра татбиқ гардид
ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд лоиҳаи «Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 3» пурра амалӣ гардида, шароити беҳтари фаъолият муҳайё карда шуд. Ин нуктаро директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» Носир Ғафурзода зимни маросими ҷамъбасти лоиҳаи мазкур иброз намуд, иттилоъ доданд аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».
Иттилоъ дода шуд, ки бо татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур якчанд корҳо амалӣ шуданд. Аз ҷумла, иншооти партовоббардории асосӣ таъмир ва таҷдид гардида, дар ин раванд ҳисобченкунакҳои обии ҳаҷмашон калон ва таҷҳизоти иловагӣ харидорӣ ва насб карда шуданд. Қубурҳои фарсуда иваз гардида, мошин ва механизмҳо барои истифода ва хизматрасонии техникӣ харидорӣ карда шуданд.
Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Рика Ишӣ аз вазъи татбиқи лоиҳа тибқи нақшаи пешбинишуда изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии хешро ҷиҳати мусоидат ба амалинамоии дигар лоиҳаҳои муҳим таъкид дошт.
АКС: хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






