Миёни Палатаи савдо ва саноати Суғд ва Палатаи савдои Қуния созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Декабрь 1, 2021 13:23

ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдои шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре корманди хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ба созишнома роҳбари кулли Палатаи савдо ва саноати  вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов ва раиси Палатаи савдои шаҳри Қуния Селчуқ Узтурк имзо гузоштанд.

Ҷонибҳо ҳамзамон оид ба рушди ҳамкорӣ миёни соҳибкорони вилоятҳо ва ташкили сафари ҳайати тиҷоратии иқтисодии шаҳри Қуния ба вилояти Суғд ибрози назар карданд.

Ёдовар бояд шуд, ки гурӯҳи соҳибкорони тоҷик дар Намоишгоҳи 20-уми байналмилалии гармхонаҳо, технологияҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ —  “Growtech 2021”,  ки аз  24 то 27 ноябр дар Анталия доир гардид, иштирок намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Декабрь 1, 2021 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст