Миёни Палатаи савдо ва саноати Суғд ва Палатаи савдои Қуния созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдои шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре корманди хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ба созишнома роҳбари кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов ва раиси Палатаи савдои шаҳри Қуния Селчуқ Узтурк имзо гузоштанд.
Ҷонибҳо ҳамзамон оид ба рушди ҳамкорӣ миёни соҳибкорони вилоятҳо ва ташкили сафари ҳайати тиҷоратии иқтисодии шаҳри Қуния ба вилояти Суғд ибрози назар карданд.
Ёдовар бояд шуд, ки гурӯҳи соҳибкорони тоҷик дар Намоишгоҳи 20-уми байналмилалии гармхонаҳо, технологияҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ — “Growtech 2021”, ки аз 24 то 27 ноябр дар Анталия доир гардид, иштирок намуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд






