Миёни соҳибкорони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Могилёви Беларус 15 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр миёни соҳибкорони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Могилёви Ҷумҳурии Беларус барои таҳкими равобити дуҷониба 15 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар маросими баимзорасонии созишнома муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва муовини Раиси вилояти Могилёв Руслан Страхар ширкат варзиданд.
Чанде пеш намояндагони вилояти Могилёв таҳти роҳбарии муовини Раиси Комиҷроияи вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус Руслан Страхар дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд омаданд.
Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо расму оинҳои миллӣ ва меҳмоннавозии хос пешвоз гирифта, дар боздидҳо онҳоро ҳамроҳӣ намуданд.
Меҳмонон нахуст аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллии тарроҳони чирадаст ва маҳсули дасти донишҷӯёни Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дидан намуда, ба ҳунару маҳорат ва малакаи касбии онҳо баҳои баланд доданд.
Дар идома соҳибкорони вилояти Могилёв аз раванди истеҳсолот дар корхонаҳои саноатии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл» боздид намуда, бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи саноатии «Ноҳид» шинос шуданд.
Ҷонибҳо доир ба имконияти мавҷудаи иқтисодиву тиҷоратӣ мубодилаи афкор намуда, рағбати худро ба фаъолсозӣ ва таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногун баён карданд.
АКСҲО аз маркази матбуоти раиси шаҳри Истаравшан











Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






