Мубориза бо зуҳуроти экстремистиву террористӣ бояд тақвият ёбад,- бардошт аз машварати КИ ҲХДТ дар Хатлон

Декабрь 24, 2021 10:22

ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар мавзӯи “Муқовимат ба маводи муғризона” машварати дастурдиҳӣ доир шуда, дар он чанд аъзои гурӯҳи вокунишгарони назди кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Тавре раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён зимни баррасии мавзӯъ иброз дошт, мақсад аз ташкили машварати мазкур тақвият бахшидани кори гурӯҳҳои фаъоли ҷомеа дар самти пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти экстремистиву террористӣ мебошад. Мавқеъгирии фаъолон ва вокуниш нишон додан нисбат ба гурӯҳҳои иғвоангез дар ташаккули афкори ҷомеа ва воқифгардонии сокинон аҳамияти муҳим дорад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо таъсиси саҳифаи вокунишҳо ва арзу шикоятҳо дар ин самт мусоидат намуда, ҳамзамон дар ҳалли дигар мушкилиҳои ҷомеа саҳм мегузорад.

                                        АКС аз КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Декабрь 24, 2021 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад