Мубориза бо зуҳуроти экстремистиву террористӣ бояд тақвият ёбад,- бардошт аз машварати КИ ҲХДТ дар Хатлон
ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар мавзӯи “Муқовимат ба маводи муғризона” машварати дастурдиҳӣ доир шуда, дар он чанд аъзои гурӯҳи вокунишгарони назди кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Тавре раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён зимни баррасии мавзӯъ иброз дошт, мақсад аз ташкили машварати мазкур тақвият бахшидани кори гурӯҳҳои фаъоли ҷомеа дар самти пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти экстремистиву террористӣ мебошад. Мавқеъгирии фаъолон ва вокуниш нишон додан нисбат ба гурӯҳҳои иғвоангез дар ташаккули афкори ҷомеа ва воқифгардонии сокинон аҳамияти муҳим дорад.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо таъсиси саҳифаи вокунишҳо ва арзу шикоятҳо дар ин самт мусоидат намуда, ҳамзамон дар ҳалли дигар мушкилиҳои ҷомеа саҳм мегузорад.
АКС аз КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






