Музаффар Ашӯриён ва Ҷон Марк Поммершайм барномаҳои ёрии ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 17.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе мулоқоти Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм баргузор гардид, ки ҳадафи он аз шиносоӣ, муҳокимаи самтҳои ҳамкории мутақобила, баррасии барномаҳои ёрии ҳуқуқӣ ва таҳкими муҳити ҳуқуқӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия амалӣ карда мешаванд, иборат буд, хабар доданд аз Вазорати адлия ба АМИТ «Ховар».
Зимни мулоқот Вазири адлия вобаста ба ҳамкории дуҷониба маълумот дода, дар бораи самтҳои нави ҳамкорӣ ва ташаббусҳое, ки дар самти фаъолияти мақомоти адлия пешбинӣ гардидаанд, изҳори назар намуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иброз дошт, ки пешниҳодҳо қобили қабул буда, Сафорат онҳоро дастгирӣ менамояд.
Вохӯрии мазкур дар фазои дӯстона баргузор гардида, ба раванди амалинамоии ҳамкории мутақобила дар оянда такони ҷиддӣ мебахшад.
АКС: Вазорати адлия








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






