Музаффар Ашӯриён ва Ҷон Марк Поммершайм барномаҳои ёрии ҳуқуқиро баррасӣ намуданд

Декабрь 17, 2021 10:05

ДУШАНБЕ,  17.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе мулоқоти Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм  баргузор гардид, ки ҳадафи он аз шиносоӣ, муҳокимаи самтҳои ҳамкории мутақобила, баррасии барномаҳои ёрии ҳуқуқӣ ва таҳкими муҳити ҳуқуқӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия амалӣ карда мешаванд, иборат буд,  хабар доданд аз Вазорати адлия ба АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот Вазири адлия вобаста ба ҳамкории дуҷониба маълумот дода, дар бораи самтҳои нави ҳамкорӣ ва ташаббусҳое, ки дар самти фаъолияти мақомоти адлия пешбинӣ гардидаанд, изҳори назар намуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иброз дошт, ки пешниҳодҳо қобили қабул буда, Сафорат онҳоро дастгирӣ менамояд.

Вохӯрии мазкур дар фазои дӯстона баргузор гардида, ба раванди амалинамоии ҳамкории мутақобила дар оянда такони ҷиддӣ мебахшад.

АКС: Вазорати адлия

Декабрь 17, 2021 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд