«Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 27 сол пур шуд. Бахшида ба ин рӯз дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик дар мавзӯи «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, аъзои фаъоли ҲХДТ, намояндагони фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарону намояндагони ташкилоти ҳизбӣ иштирок намуданд.
«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созанда бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ пайваста саҳм гузошта, шаҳрвандонро ба созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии мамлакат сафарбар менамояд»,- чунин зикр намуд муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён дар конференсия.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ дар конференсия дар мавзӯи «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ» сухан гуфт. Мавсуф иброз дошт, ки ҲХДТ тӯли 27 соли фаъолияти пурсамар зери шиори «Барои пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаи кишварро аз роҳи сарбаста ба масири сулҳу субот, шукуфоӣ ва пешрафтҳои рӯзафзун раҳнамоӣ намуд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр дошт, ки «басо рамзист, ки 27-солагии ҲХДТ тавъам бо тантанаҳои ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил гардида истодааст». Ҳамзамон мавсуф оид ба дастовардҳои вилояти Хатлон дар тӯли ин солҳо ибрози назар кард.
Мавсуф аҳли толорро бо 27-солагии ҲХДТ табрик намуд. Инчунин зикр дошт, ки мақсаду мароми ҲХДТ бо дархосту манфиатҳои мардум ҳамоҳанг буда, ҳизби мазкур дар татбиқи барномаҳои созандаи худ ҳамеша ба неруи халқ такя мекунад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода зикр кард, ки дар тӯли 27 сол масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат бо маром рушд намуда, ба марҳилаҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар конференсия ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ дар мавзӯи «ҲХДТ — роҳнамои халқ» ва Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат ва ҳизби бунёдкору ояндасоз» маъруза карданд. Дигар иштирокчиёни конференсия дар мавзӯъҳои «ҲХДТ- падидаи сиёсии даврони Истиқлолият», «Нақши ҲХДТ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон» ва ғайраҳо маъруза намуданд.
Дар конференсияи ҷумҳуриявӣ ба фаъолони ҳизбӣ Ифтихорнома, Сипосномаи ҲХДТ ва ба аъзои нави ҳизб шаҳодатномаҳо супорида шуданд.
Ҳамоиш бо барномаи фарҳангии санъаткорон ва ҳунармандони вилояти Хатлон ҷамъбаст карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки тӯли ду рӯз: 9-10 декабр иштирокчиёни ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бахшида ба рӯзи таъсиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон қарор дошта, аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихиву фарҳангии вилоят дидан намуданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»














Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд






