«Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Декабрь 10, 2021 15:34

ДУШАНБЕ, 10.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  27 сол пур шуд. Бахшида ба ин рӯз дар Қасри фарҳанги  Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик дар мавзӯи «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон Матлубахон Сатториён,  аъзои фаъоли ҲХДТ, намояндагони фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо,  роҳбарону намояндагони ташкилоти ҳизбӣ иштирок намуданд.

«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созанда бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ пайваста саҳм гузошта, шаҳрвандонро ба созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии мамлакат сафарбар менамояд»,- чунин зикр намуд муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён дар конференсия.

Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ дар конференсия дар мавзӯи «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ» сухан гуфт. Мавсуф иброз дошт, ки ҲХДТ тӯли 27 соли фаъолияти пурсамар зери шиори «Барои пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаи кишварро аз роҳи сарбаста ба масири сулҳу субот, шукуфоӣ ва пешрафтҳои рӯзафзун раҳнамоӣ намуд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр дошт, ки «басо рамзист, ки 27-солагии ҲХДТ тавъам бо тантанаҳои ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил гардида истодааст». Ҳамзамон мавсуф оид ба дастовардҳои вилояти Хатлон дар тӯли ин солҳо ибрози назар кард.

Мавсуф аҳли толорро бо 27-солагии ҲХДТ табрик намуд. Инчунин зикр дошт, ки   мақсаду мароми ҲХДТ бо дархосту манфиатҳои мардум ҳамоҳанг буда, ҳизби мазкур  дар татбиқи барномаҳои созандаи худ ҳамеша ба неруи халқ такя мекунад.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода зикр кард, ки дар тӯли 27 сол масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат бо маром рушд намуда, ба марҳилаҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар конференсия ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ дар мавзӯи «ҲХДТ — роҳнамои халқ» ва Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат ва ҳизби бунёдкору ояндасоз» маъруза карданд. Дигар иштирокчиёни конференсия дар мавзӯъҳои «ҲХДТ- падидаи сиёсии даврони Истиқлолият», «Нақши ҲХДТ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон» ва ғайраҳо маъруза намуданд.

Дар конференсияи ҷумҳуриявӣ ба  фаъолони ҳизбӣ Ифтихорнома, Сипосномаи ҲХДТ ва ба аъзои нави ҳизб шаҳодатномаҳо супорида шуданд.

Ҳамоиш бо барномаи фарҳангии санъаткорон ва ҳунармандони вилояти Хатлон ҷамъбаст карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки тӯли  ду рӯз: 9-10 декабр иштирокчиёни   ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бахшида ба рӯзи таъсиси ҲХДТ  дар вилояти Хатлон қарор дошта, аз мавзеъҳои  сайёҳӣ ва таърихиву фарҳангии вилоят дидан намуданд.

София ШОИК,
АМИТ  «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 10, 2021 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОВИДОН БОД ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН!». Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар Муъминобод бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиш баргузор шуд
«КӮДАКОН ВА НАВРАСОН-САРВАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар 13 кӯдакистони шаҳри Турсунзода барномаҳои идона доир шуд
КӮДАКОН-ОЯНДАИ МИЛЛАТ. Ва ё барои ҳар давлат насли солим зарур аст
Дар Швейтсария масоили интиқоли дониш ва технология барои беҳтар гардонидани пешгӯии обу ҳаво баррасӣ шуд
«ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ МАВОДИ НАШЪАОВАР». Дар Душанбе марафони велосипедронӣ баргузор карда шуд
КӮДАКОН-ДАР ПАНОҲИ ДАВЛАТ. Дар шаҳри Норак ба кӯдакони маъюб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд
Дар Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти тамоку ба шахсоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, иҷозат дода намешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бахшида ба ин ҷашн дар Ҳисор сохтмони бинои бисёрқабатаи истиқоматӣ оғоз ёфт
КӮДАКОН-ОЯНДАИ МИЛЛАТ. Дар Хатлон моҳвораи ҳаёти кӯдакон оғоз ёфт
Дар «Наврӯзгоҳ»-и Хуҷанд Рӯзи кӯдакон таҷлил карда мешавад
31 МАЙ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ТАМОКУ. Аз се ду ҳиссаи 15 миллиард сигоре, ки ҳамарӯза фурӯхта мешавад, ба табиат паҳн мегардад