Нигораҳои аз Фархор ёфтшуда аз таърихи куҳан доштани сарзамини Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд

Декабрь 6, 2021 15:13

ФАРХОР, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон нигораҳое дарёфт шудаанд, ки аз таърихи куҳан доштани кишвари мо шаҳодат медиҳанд. Бостоншиносон бошишгоҳҳои қадимии одамонро дар соҳилҳои дарёҳои Нилу Панҷ ва Ёхсуву Сурхоб дарёфт карда, ба хулосае омаданд, ки Тоҷикистон таърихи хеле қадимӣ дошта, имрӯз зарурати омӯзиши таъриху фарҳанги он ба миён омадааст, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Бозёфтҳои таърихӣ дар мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон диққати  бостоншиносони ҷаҳонро ба худ ҷалб кардаанд. Ба ин хотир тариқи ташкили экспедитсияҳои гуногун дар мамлакати мо ковишҳои бостоншиносӣ гузаронида мешаванд. Баъди корҳои ҳарфиётӣ дар ноҳияи Ховалинг бостоншиносон дар ноҳияи Фархор низ нигораҳои нодир пайдо намуданд. Бостоншиносони Тоҷикистон, Русия ва Италия ин ҷасадҳоро аз  қабристони Чилтанбобои шаҳраки Фархор пайдо кардаанд, ки ба асрҳои 3 ва 4-и пеш аз мелод рост меоянд.

Аз ин макон ҳамчунин аз болои сари яке аз ҷасадҳо як каҷак ҳам пайдо шудааст.  Ҳоло дақиқ накардаанд, ки ин гӯшвора аст ё чизи дигар.

Тавре мудири Осорхонаи Фархор Азизулло Муродов иттилоъ дод, ковишҳои таърихӣ дар Уртабузи ноҳияи Фархор аз соли 2013 шурӯъ шудаанд.  Дар нуҳ сол даҳҳо нигора ва ҷасадҳои одамон пайдо гардиданд. Бостоншиносон мегӯянд, ки ин бозёфтҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар қадим дар ин ҷо одамҳо зиндагӣ мекардаанд. Бори аввал нест, ки дар пайи ковишҳои таърихӣ аз мавзеи Уртабуз ва қабристони Чилтанбобои  Фархор ҷасадҳо пайдо мешаванд.  Соли 2016  дар пайи ковишҳо ду ҷасадеро пайдо карда буданд, ки ба асри 12-11-и пеш аз мелод рост меомад.  Инчунин дар ҳар ковиш аз паҳлуи ҷасадҳои пайдошуда сангҳо, муҳраҳо ва бархе олоти мисин ёфт шудаанд.

Дар пайи ковиши охир ҳам панҷ ҷасадро дарёфт карданд, ки наздашон муҳра ва кӯзаҳои кулолӣ будаанд.   Ковишҳои охирро бостоншиносон Наталия Виноградова аз Санкт-Петербург ва Ҷавана Ламбардаи италиягӣ аввалҳои моҳи ноябр ба анҷом расонида буданд.

Дар ноҳияи Фархор 52 макони таърихӣ сабт шудаанд. Калонтарини макони таърихӣ қалъаи «Золи Зар» аст, ки 70 гектарро ташкил медиҳад. Аммо то кунун дар ин минтақа ковишҳои таърихӣ гузаронида нашудаанд.

       АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 6, 2021 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд