Нигораҳои аз Фархор ёфтшуда аз таърихи куҳан доштани сарзамини Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд
ФАРХОР, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон нигораҳое дарёфт шудаанд, ки аз таърихи куҳан доштани кишвари мо шаҳодат медиҳанд. Бостоншиносон бошишгоҳҳои қадимии одамонро дар соҳилҳои дарёҳои Нилу Панҷ ва Ёхсуву Сурхоб дарёфт карда, ба хулосае омаданд, ки Тоҷикистон таърихи хеле қадимӣ дошта, имрӯз зарурати омӯзиши таъриху фарҳанги он ба миён омадааст, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Бозёфтҳои таърихӣ дар мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон диққати бостоншиносони ҷаҳонро ба худ ҷалб кардаанд. Ба ин хотир тариқи ташкили экспедитсияҳои гуногун дар мамлакати мо ковишҳои бостоншиносӣ гузаронида мешаванд. Баъди корҳои ҳарфиётӣ дар ноҳияи Ховалинг бостоншиносон дар ноҳияи Фархор низ нигораҳои нодир пайдо намуданд. Бостоншиносони Тоҷикистон, Русия ва Италия ин ҷасадҳоро аз қабристони Чилтанбобои шаҳраки Фархор пайдо кардаанд, ки ба асрҳои 3 ва 4-и пеш аз мелод рост меоянд.
Аз ин макон ҳамчунин аз болои сари яке аз ҷасадҳо як каҷак ҳам пайдо шудааст. Ҳоло дақиқ накардаанд, ки ин гӯшвора аст ё чизи дигар.
Тавре мудири Осорхонаи Фархор Азизулло Муродов иттилоъ дод, ковишҳои таърихӣ дар Уртабузи ноҳияи Фархор аз соли 2013 шурӯъ шудаанд. Дар нуҳ сол даҳҳо нигора ва ҷасадҳои одамон пайдо гардиданд. Бостоншиносон мегӯянд, ки ин бозёфтҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар қадим дар ин ҷо одамҳо зиндагӣ мекардаанд. Бори аввал нест, ки дар пайи ковишҳои таърихӣ аз мавзеи Уртабуз ва қабристони Чилтанбобои Фархор ҷасадҳо пайдо мешаванд. Соли 2016 дар пайи ковишҳо ду ҷасадеро пайдо карда буданд, ки ба асри 12-11-и пеш аз мелод рост меомад. Инчунин дар ҳар ковиш аз паҳлуи ҷасадҳои пайдошуда сангҳо, муҳраҳо ва бархе олоти мисин ёфт шудаанд.
Дар пайи ковиши охир ҳам панҷ ҷасадро дарёфт карданд, ки наздашон муҳра ва кӯзаҳои кулолӣ будаанд. Ковишҳои охирро бостоншиносон Наталия Виноградова аз Санкт-Петербург ва Ҷавана Ламбардаи италиягӣ аввалҳои моҳи ноябр ба анҷом расонида буданд.
Дар ноҳияи Фархор 52 макони таърихӣ сабт шудаанд. Калонтарини макони таърихӣ қалъаи «Золи Зар» аст, ки 70 гектарро ташкил медиҳад. Аммо то кунун дар ин минтақа ковишҳои таърихӣ гузаронида нашудаанд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»











Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






