ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст

Декабрь 27, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 27.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф дар назар аст, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обу ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона -1+4 дараҷа, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 16-21 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 24-29 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 11-16 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона -2+3 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона -2+3 дараҷа мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок буда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3 дараҷа, рӯзона -2+3 дараҷа мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ҳолатҳо барфи суст ба амал омада, рӯзона ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук, рӯзона 2+4 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 27, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа