ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12+14 дараҷа гарм мешавад

Декабрь 23, 2021 08:00

ДУШАНБЕ, 23.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳаво  рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳида кӯҳӣ бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борон борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм,  рӯзона 1+17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 7+1 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф меояд. Дар баъзе ноҳияхо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хукун то 3 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, тормеғ (туман)-и тунук мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 дараҷа гарм,  рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 23, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад