ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Декабрь 8, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи  бебориш мешавад, иттилоъ медиҳад  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона  1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 15-20 дараҷа  хунук, дар баъзе минтақаҳо то 22-27 дараҷа хунук ва рӯзона  1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол  аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст.   Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 дараҷа ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 ва рӯзона  12+17 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 8, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд