Олмон тасмими Тоҷикистонро ҷиҳати бекор кардани талаботи раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ заминаи хуби густариши сайёҳӣ хонд
ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати бекор кардани талаботи раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ заминаи хуби робитаҳои мардумони ду кишвар ва густариши сайёҳӣ номид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ӯ ин нуктаро дар мулоқот бо Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо, ки 30 ноябр дар пешманзари даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни ҳар ду давлат сурат гирифт, иброз дошт.
«Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкории дуҷониба ва дурнамои онро баррасӣ карда, роҷеъ ба равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа, вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва муқовимат ба таҳдиду чолишҳои замони муосир ибрози андеша намуданд», — гуфта мешавад дар иттилоияи вазорат.
Соҳибназар Ғайратшо инчунин бо ишора ба музокироти сиёсии ҳафтаи гузаштаи роҳбарияти Тоҷикистон бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо, ҳавасмандии кишварро баҳри вусъати робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои алоҳидаи он иброз кард.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






