ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Ҳафтаи забонҳои Аврупо ҷамъбаст гардид

Декабрь 23, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 23.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 22 декабр дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Омӯзиши забонҳои хориҷӣ-тақозои замон» ҷамъбасти Ҳафтаи забонҳои Аврупо дар сатҳи баланд баргузор гардид, хабар доданд аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ректори донишкада Жило Гулназарзода аз ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф ёдовар шуда, аз ҷумла, изҳор дошт, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат  қарор дорад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки мутахассисони забондони ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ рақобатпазир омода намоем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабр зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки «таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ бояд дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад».

Ҳамоишро донишҷӯён бо забони тоҷикӣ оғоз карда, бо забонҳои англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ, ки дар факулта омӯзонида мешаванд, идома доданд.

Дар қисмати фарҳангӣ донишҷӯёни факултаи забонҳои Аврупо бо чор забон- тоҷикӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ бо маҳорату истеъдоди волои худ, хондани шеърҳо, рақсҳои тоҷикиву аврупоӣ, саҳначаҳои ҳаҷвию тарбиявӣ ва дигар барномаҳои ҷолиб хотири ҳозиринро шод намуданд.

Дар хатми ҳамоиш як гурӯҳ омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли факулта бо сипосномаи раёсати донишкада қадрдонӣ гардиданд.

АКСҲО: ДДЗТ ба номи С. Улуғзода

Декабрь 23, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид