Портали бритониёӣ арзиши қувваи барқро дар Тоҷикистон яке аз арзонтарин дар ҷаҳон номид
ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикстон дар раддабандӣ аз рӯйи арзонтарин арзиши неруи барқ барои аҳолӣ дар ҷаҳон мақоми 6-умро касб намуд. Ин тадқиқотро мутахассисони портали бритниёии Cable.co.uk., ки миёни 230 кишвар ва ҷазираҳои ҷаҳон арзиши неруи барқро таҳлил кардаанд, гузарониданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Тибқи таҳлили муҳаққиқон, як киловатт-соат неруи барқ дар Тоҷикистон 0,023 доллар (тақрибан 0,0259 сомонӣ) арзиш дорад. Арзиши неруи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба Узбекистон пасттар ва нисбат ба манбаъҳои қирғизӣ гаронтар аст.
Ҳамин тавр, дар Бишкек 1 киловатт-соат баробар ба 0,017 доллар (0,191 сомонӣ) ва дар Тошканд -0,027 (0,304) мебошад.
Дар ҳамин ҳол арзонтарин неруи барқ дар ҷаҳон дар Либия (0,007 доллар), Ангола (0,013 доллар) ва Судон (0,14 доллар) аст.
Баландтар аз ҳама неруи барқ дар ҷазираҳои Соломон- кишвар дар ҷанубу ғарби қисмати Уқёнуси ором ва дар Меланезия аст. Дар ин ҷо барои 1 киловатт-соат 0,591 доллар месупоранд. Дар ҷазираи Еленаи муқаддас (қаламрави Британия, воқеъ дар қисмати ҷанубии уқёнуси Атлантика)-як киловатт-соат неруи барқ 0,612 доллар ва дар кишвари Вануату -0,591 доллар арзиш дорад.
Қаблан муайян гардид, ки Тоҷикистон соли 2022 ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бармегардад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ин бора зимни конгресси 2-юми Авруосиё, ки 2 декабр дар шаҳри Москва гузашт, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир хабар дода, иброз дошт, ки ин раванд ба ҷумҳурӣ даромади бештар ворид хоҳад кард, алалхусус баъди бо иқтидори 3600 мегаватт ба кор даровардани НБО «Роғун». Ёдовар мешавем, ки ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ (EES CA), ки онро «ҳалқаи энергетикӣ» низ меноманд, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ҷануби Қазоқистон дохил мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






