Портали бритониёӣ арзиши қувваи барқро дар Тоҷикистон яке аз арзонтарин дар ҷаҳон номид

Декабрь 8, 2021 12:37

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Тоҷикстон дар раддабандӣ аз рӯйи арзонтарин арзиши неруи барқ барои аҳолӣ дар ҷаҳон мақоми 6-умро касб намуд. Ин тадқиқотро мутахассисони портали бритниёии Cable.co.uk., ки миёни 230 кишвар ва ҷазираҳои ҷаҳон арзиши неруи барқро таҳлил кардаанд, гузарониданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Тибқи таҳлили муҳаққиқон, як киловатт-соат неруи барқ ​​дар Тоҷикистон 0,023 доллар (тақрибан 0,0259 сомонӣ) арзиш дорад. Арзиши неруи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба Узбекистон пасттар ва нисбат ба манбаъҳои қирғизӣ гаронтар аст.

Ҳамин тавр, дар Бишкек 1 киловатт-соат баробар ба 0,017 доллар (0,191 сомонӣ) ва дар Тошканд -0,027 (0,304) мебошад.

Дар ҳамин ҳол арзонтарин неруи барқ ​​дар ҷаҳон дар Либия (0,007 доллар), Ангола (0,013 доллар) ва Судон (0,14 доллар) аст.

Баландтар аз ҳама неруи барқ дар ҷазираҳои Соломон- кишвар дар ҷанубу ғарби қисмати Уқёнуси ором ва дар Меланезия аст. Дар ин ҷо барои 1 киловатт-соат 0,591 доллар месупоранд. Дар ҷазираи Еленаи муқаддас  (қаламрави Британия, воқеъ дар қисмати ҷанубии уқёнуси Атлантика)-як киловатт-соат неруи барқ 0,612 доллар ва дар кишвари Вануату -0,591 доллар арзиш дорад.

Қаблан муайян гардид, ки Тоҷикистон соли 2022 ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бармегардад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ин бора зимни конгресси 2-юми Авруосиё, ки 2 декабр дар шаҳри Москва гузашт, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир хабар дода, иброз дошт, ки ин раванд ба ҷумҳурӣ даромади бештар ворид хоҳад кард, алалхусус баъди бо иқтидори 3600 мегаватт ба кор даровардани НБО «Роғун». Ёдовар мешавем, ки ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ (EES CA), ки онро «ҳалқаи энергетикӣ» низ меноманд, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ҷануби Қазоқистон дохил мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 8, 2021 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд