Раёсати «Роҳҳои оҳани Русия» тахфифҳои интиқоли меваю сабзавот аз Тоҷикистонро то соли 2022 тамдид кард

Декабрь 17, 2021 15:08

ДУШАНБЕ, 17.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати «Роҳҳои оҳани Русия» тахфифҳои қаблан ҷоришуда барои ҳамлу нақли як қатор молҳоро то соли 2022 тамдид кард. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар шабакаи расмии Telegram-и ин холдинг иттилоъ дода шудааст.

Сухан дар бораи тахфифҳои 50% дар самти интиқоли меваю сабзавот аз Тоҷикистон меравад.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Роҳҳои оҳани Русия (РОР) соли 2021 тарифҳоро барои ҳамлу нақли металлҳои сиёҳ, контейнерҳо, контрейлерҳо ва маҳсулоти меваю сабзавот дар як қатор самтҳо поин бурд. Аз ҷумла, барои воридоти меваю сабзавот аз Тоҷикистон ва Узбекистон ба Русия 50% тахфиф ҷорӣ шуд.

«Аз  1 январи соли 2021 то 31 декабри соли 2021 дар интиқоли меваю сабзавот аз Тоҷикистон ва Узбекистон ба Русия дар яхдонҳои махсусгардонидашуда, ки ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи Оҳани Тоҷикистон» ва ҶСК «Узбекистон» тааллуқ доранд, 50% тахфиф ҷорӣ карда мешавад»,-гуфта мешавад дар хабари РОР.

Қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, ки моҳи ноябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни сафар ба Москва дар мулоқот бо  Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиненко ин масъаларо баррасӣ намуданд. Рустами Эмомалӣ иброз доштанд, ки зарфияти сармоягузорони рус дар Тоҷикистон ҳанӯз пурра амалӣ нашудааст ва бояд аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои афзоиши нишондиҳандаҳо дар ин самт истифода карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, истеҳсолкунандагони хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон манфиатдоранд, ки навъҳои меваю сабзавоти хушсифати ба бозори Русия воридшаванда зиёд карда шавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 17, 2021 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад