РОҲСОЗОНИ ФАХРӢ. Барои саҳми арзанда дар татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингард кормандон қадрдонӣ шуданд

Декабрь 31, 2021 10:28

ДУШАНБЕ, 31.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар ва сари вақт супоридани марҳилаи якум ва дуюми он, ҳамчунин саҳм гузоштан дар татбиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Кӯлоб—Қалъаихумб аз ҷониби  Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим як гурӯҳ кормандони ин лоиҳаҳо бо нишони сарисинагии «Роҳсози фахрӣ», Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ба ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони саривақту босифати ин ду иншооти муҳим фаъолияти хуб нишон доданд, изҳори сипос намуд. Мавсуф гуфт, ки мояи ифтихор аст, ки мо дастурҳои Пешвои миллатро дар бобати ободониву созандагӣ сари вакт амалӣ менамоем.

Вазир махсусан саҳми директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Нуралӣ Арабзода ва директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои Душанбе – Чанок Зафар Шарифзодаро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон соли 2020 дар Паёми ба Маҷлиси Олӣ ироагардида супориш доданд, ки вазоратҳои нақлиёт, молия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд амалӣ гардидани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа ва истифодаи технологияҳои муосирро таъмин намоянд. Яъне маҳз сохтмони ҳамин лоиҳаҳоро Сарвари давлат дар Паёмашон супориш дода буданд ва инак онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.

 АКС: Вазорати нақлиёти ҶТ

Декабрь 31, 2021 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид