РОҲСОЗОНИ ФАХРӢ. Барои саҳми арзанда дар татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингард кормандон қадрдонӣ шуданд

Декабрь 31, 2021 10:28

ДУШАНБЕ, 31.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар ва сари вақт супоридани марҳилаи якум ва дуюми он, ҳамчунин саҳм гузоштан дар татбиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди КӯлобҚалъаихумб аз ҷониби  Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим як гурӯҳ кормандони ин лоиҳаҳо бо нишони сарисинагии «Роҳсози фахрӣ», Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ба ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони саривақту босифати ин ду иншооти муҳим фаъолияти хуб нишон доданд, изҳори сипос намуд. Мавсуф гуфт, ки мояи ифтихор аст, ки мо дастурҳои Пешвои миллатро дар бобати ободониву созандагӣ сари вакт амалӣ менамоем.

Вазир махсусан саҳми директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Нуралӣ Арабзода ва директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои Душанбе – Чанок Зафар Шарифзодаро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон соли 2020 дар Паёми ба Маҷлиси Олӣ ироагардида супориш доданд, ки вазоратҳои нақлиёт, молия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд амалӣ гардидани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа ва истифодаи технологияҳои муосирро таъмин намоянд. Яъне маҳз сохтмони ҳамин лоиҳаҳоро Сарвари давлат дар Паёмашон супориш дода буданд ва инак онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.

 АКС: Вазорати нақлиёти ҶТ

Декабрь 31, 2021 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар даври ҷамъбастии озмун кадбонуҳои шаҳри Душанбе ғолиб дониста шуданд
Чаро соҳили дарёчаи Оби лояку дарёи Элоки ноҳияи Файзобод бо партовҳои хонаҳо ифлос шудааст? Шарҳи АМИТ «Ховар»
Хизматчиёни давлатӣ дар шаҳри Турсунзода Иди Наврӯзро бо руҳияи баланди миллӣ таҷлил намуданд
Дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн гирифтанд
НАВРӮЗ-ПАДИДАИ АСИЛИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Хадамоти иҷро ҳамоиши идона доир шуд
ФЕСТИВАЛИ ГУЛЧИНИ СУРУДҲОИ ВАТАНДӮСТОНА. Дар он зиёда аз 1000 афсару сарбоз фаъолона иштирок намуд
ПОКИИ МАНУ ҲАВОИ МАН НАВРӮЗ АСТ! Тоҷикистонро дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Дар шаҳри Турсунзода оид ба пешгирии хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ ҳамоиши илмӣ – амалӣ доир шуд
«НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁ, РУШД ВА ҶАҲОНИШАВИИ НАВРӮЗ». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҳамоиш доир гардид
«ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ». Таҳти ин унвон дар ноҳияи Данғара конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд