Рустами Шоҳмурод дар ҳамоиши СААД иштирок намуд

Декабрь 2, 2021 10:38

ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар». Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустами Шоҳмурод дар ҳамоиши СААД дар мавзӯи «15-солагии Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ» дар реҷаи маҷозӣ иштирок намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Мавсуф  иброз намуд, ки  имрӯз аз қабули қарор дар бораи ташаккули ҷанбаи парлумонии СААД дар чаҳорчӯби АБ ИДМ  15 сол сипарӣ мешавад. Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД  барои пешбурди ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки СААД ҳамчун созмони дифоии минтақавӣ амалӣ мекунад, ташкил шудааст.

«Ин созмон  дар фароҳам овардани шароити меъёрию ҳуқуқӣ барои фаъолияти низоми амнияти дастаҷамъӣ нақши муҳим мебозад. Санадҳои намунавии қонунгузорӣ, тавсияҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ дар баробари баланд бардоштани самаранокии раванди таҳияи қонуни намунавӣ ба таҳияи равишҳои умумӣ оид ба рушди ҳамкории ҳамгироӣ, фаъолсозии самтҳои гуногуни давлатҳои аъзо ва ҳамкории СААД мусоидат мекунанд»,-гуфт Рустам Шоҳмурод ва афзуд, ки «то  имрӯз дар сандуқи қонунгузории Ассамблея беш аз 70 қонуни намунавӣ ва тавсияҳо оид ба наздик кардани қонунгузории кишварҳои узви СААД мавҷуданд».

Барномаи нави фаъолияти Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД барои наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД барои солҳои 2021-2025 боз 30 қонуни намунавӣ ва тавсияҳои дигарро оид ба танзими қонунгузорӣ дар соҳаи амнияти рақамӣ ва иқтисодӣ, ҳифзи иттилоот, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккил дар бар мегирад.

Ҳамзамон раиси кумитаи мазкур тазаккур дод, ки Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти вазифаҳои стратегӣ ва афзалияти рушди СААД, инчунин афзоиши ташаннуҷ ва таҳаввулоти муносибатҳои байналмилалӣ ба санадҳои намунавӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллии кишварҳои узви СААД таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир ва прекурсорҳо, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва мубориза бо коррупсияро пурзӯр намудааст.

Дар маҷмуъ, бояд гуфт, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи барномаи Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД ҷиҳати наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви ин созмон корҳои мунтазам анҷом дода истодааст.

Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш ҳамчунин муовини раиси кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия оид ба амният ва мубориза бо коррупсия, раиси кумитаи доимии АБ СААД оид ба мудофиа ва амният Анатолий Виборный сухан намуд.

 АКС: МН МО ҶТ

Декабрь 2, 2021 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Тағйирёбии иқлим ба экосистемаи Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад
Рушди робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон вобаста ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон ҳамоиш доир гардид
Дар кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия ду қонуни мукаммал баррасӣ гардид
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба се қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҳифзи пиряхҳо омили муҳими суботи иқтисодӣ-иҷтимоӣ маҳсуб мешавад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ 18 масъала баррасӣ карда шуд
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва робитаҳои байнипарламентӣ доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон баргузор гардид
Фаъолҷавонони шаҳри Душанбе бо фаъолияти Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд