ШОИР АНДАР СИНАИ МИЛЛАТ ЧУ ДИЛ. Боғи фарҳангии ноҳияи Файзобод ба номи Бозор Собир гузошта шуд
ФАЙЗОБОД, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори вакилони халқи ноҳияи Файзобод ва қарори раиси ноҳия боғи фарҳангии маркази ноҳияи Файзобод ба номи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд.
Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Файзобод Кароматулло Соҳибназаров иброз дошт, ки соли 2022 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар боғи фарҳангии ноҳия нимпайкараи Бозор Собир сохта мешавад.
Устод Бозор Собир аз ҷумлаи бузургтарин намояндагони адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад, ки бо сабку услуби ба худ хос ба адабиёт ворид шуда, тавонист ҷойгоҳи хоссаеро дар он соҳиб шавад. Ӯ сухани баланд дошта, ҳамеша аз Ватану миллат, худшиносӣ, пос доштани забони модарӣ, арзишҳои миллӣ ва шинохти миллат ҳарф мезад.
Номгузории боғи фарҳанг ва гузоштани нимпайкара нишонаи эҳтиром ба шахсияти ин шоири муосири миллати тоҷик мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






