ШОИР АНДАР СИНАИ МИЛЛАТ ЧУ ДИЛ. Боғи фарҳангии ноҳияи Файзобод ба номи Бозор Собир гузошта шуд

Декабрь 15, 2021 11:36

ФАЙЗОБОД, 15.12.2021 /АМИТ  «Ховар»/.  Дар асоси қарори вакилони халқи ноҳияи Файзобод ва қарори раиси ноҳия боғи фарҳангии маркази ноҳияи Файзобод  ба номи  шоири муосири тоҷик Бозор Собир  гузошта шуд.

Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Файзобод Кароматулло Соҳибназаров иброз дошт, ки соли 2022 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия дар боғи фарҳангии ноҳия  нимпайкараи  Бозор Собир сохта мешавад.

Устод Бозор Собир аз ҷумлаи бузургтарин намояндагони адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад, ки бо сабку услуби ба худ хос ба адабиёт ворид шуда, тавонист ҷойгоҳи хоссаеро дар он соҳиб шавад. Ӯ сухани баланд дошта, ҳамеша аз Ватану миллат, худшиносӣ, пос доштани забони модарӣ, арзишҳои миллӣ ва шинохти миллат ҳарф мезад.

Номгузории боғи фарҳанг ва гузоштани нимпайкара нишонаи эҳтиром ба шахсияти ин шоири муосири миллати  тоҷик мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 15, 2021 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешниҳод: «Чойхонаи миллии тоҷикӣ бояд ба феҳристи объектҳои мадании ЮНЕСКО ворид карда шавад»
Дар ноҳияи Шуғнон 6 нафар ба даври вилоятии Озмуни «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» роҳхат гирифтанд
Моҳи июн Фестивали ҷумҳуриявии атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор мегардад
Филми ҳунарии «Дов» дар ҷашнвораи байналмилалии Чебоксарияи Русия соҳиби ду ҷоиза гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Ва ё тоҷикон бо ҳунари волои хеш ҷаҳонро тасхир мекунанд
«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА-2023». Аз он беш аз 15 ҳазор тамошобин боздид намуд
«РАССОМИ БЕҲТАРИН». Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид
БО «ХОВАР» ВА БОХАБАР! Имрӯз аз таъсиси Радиои «Ховар» 12 сол сипарӣ гардид
АРМУҒОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Китобҳои нависанда, рӯзноманигор ва коргардони тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ бознашр гардид
Бахшида ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон консерти тантанавӣ доир гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии пешвои миллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев намоиши аксҳо ташкил шуд
Моҳи июн Фестивали ҷумҳуриявии атласу адрас ва намоишу фурӯши он баргузор мегардад