Шурӯъ аз 20 декабр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар соатҳои муайян муваққатан манъ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 17.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 20 декабр ҳамарӯза аз соати 09:00 то 13:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан манъ карда мешавад, хабар доданд аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки бинобар гузаронидани корҳои таъмирию барқароркунӣ дар дохили нақби «Истиқлол»- шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд аз 20 декабри соли равон аз соати 09:00 то 13:00 то ба анҷом расонидани корҳои таъмирию барқароркунӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки сафари хешро то ба анҷом расонидани корҳои таъмирию барқарорсозӣ ба реҷаи мазкур мутобиқ намоянд.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ






