Шурӯъ аз 20 декабр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар соатҳои муайян муваққатан манъ карда мешавад

Декабрь 17, 2021 15:12

ДУШАНБЕ, 17.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 20 декабр ҳамарӯза аз соати 09:00 то 13:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан манъ карда мешавад, хабар доданд аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки бинобар гузаронидани корҳои таъмирию барқароркунӣ дар дохили нақби «Истиқлол»- шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд аз 20 декабри соли равон аз соати 09:00 то 13:00 то ба анҷом расонидани корҳои таъмирию барқароркунӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад.

Аз шаҳрвандон  хоҳиш менамоем, ки сафари хешро то ба анҷом расонидани корҳои таъмирию барқарорсозӣ ба реҷаи мазкур мутобиқ намоянд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 17, 2021 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст