Сироҷиддин Икромӣ бо мудирони «Компас Плюс» ва «МИР» роҳҳои таҳкими ҳамкориро баррасӣ намуд

Декабрь 6, 2021 14:23

ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба васеъ намудани доираи фаъолияти кортҳои бонкии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар хориҷ аз кишвар дар мулоқоти Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо Директори  генералӣ — Раиси Раёсати Ҷамъияти Саҳомии Низоми Миллии Кортҳои Пардохтии (НМКП) низоми пардохти «МИР» Владимир Комлев дар Москва баррасӣ гардид.

Аз Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Роҳбари  Низоми Миллии Кортҳои Пардохтии (НМКП) низоми пардохти «МИР» Владимир Комлев зикр намуд, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» яке аз шарикони боэътимод дар минтақа аз нигоҳи рушди ҳисоббаробаркуниҳои рақамӣ ба шумор меравад.

Сироҷиин Икромӣ дар доираи сафари кориаш ба Федератсияи  Русия  ҳамзамон бо мудири ширкати таъминкунандаи барнома ва технологияҳои муосири рақамии бонкии ҶДММ «Компас Плюс» хонум Олга Демина мулоқот намуд, ки зимни он  масъалаҳои марбут ба мукаммал намудани барномаҳои ҳисоббаробаркуниҳои рақамӣ ва васеъ намудани доираи фаъолияти бонк дар самти бозоргирӣ баррасӣ шуданд.

Олга Демина афзуд, ки «Компас Плюс» омода аст барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони  «Амонатбонк» курсҳои кӯтоҳи омӯзишӣ доир намояд.

«Амонатбонк» яке аз бонкҳои калонтарин ва низомсоз дар Тоҷикистон буда, тасмим дорад ояндаи наздик тамоми хизматрасониҳояшро дар дохил ва хориҷи кишвар рақамӣ кунонида, дастрасии мизоҷонро ба хизматрасониҳои бонкӣ боз ҳам  тавсеа бахшад.

 АКСҲО: Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк»

Декабрь 6, 2021 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.1259 сомонӣ муқаррар гардидааст
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад