Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати бонуфузи СММ мулоқот намуд

Декабрь 7, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 07.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 7 декабр бо ҳайати бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор доранд, мулоқот намуд.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, ба ҳайат Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Наталя Герман ва мудири Маркази мубориза бо терроризми Дафтари зиддитеррористии СММ Ҷаҳонгир Хонро шомил ҳастанд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо алоқамандии самимии хешро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори иҷтимоӣ баён намуданд.

Зимни суҳбат ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ, бавижа Маркази мубориза бо терроризми Дафтари зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои якҷоя дар самти мазкур мавриди муқокима қарор гирифтанд.

Сироҷиддин Муҳриддин иброз намуд, ки Тоҷикистон терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро маҳкум карда, ҷонибдори татбиқи босамари «Нақшаи муштараки амал оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии  СММ дар Осиёи Марказӣ» ва «Нақшаи амали Дабири кулли СММ ҷиҳати пешгирии ифротгароии хушунатомез» мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 8 декабр дар Душанбе вохӯрии 11-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Дар ҳошияи он маросими оғози марҳилаи 4-уми «Нақшаи муштараки амал оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии  СММ дар Осиёи Марказӣ» доир мегардад.

АКС: ВКХ ҶТ

Декабрь 7, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд