Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатии вилояти Суғд дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 04.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал оварданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати меҳмононро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни боздид аз корхонаи бузурги саноатии «Ҷавонӣ» соҳибкорони вилояти Могилёв бо раванди истеҳсолот дар корхона шинос шуда, бо роҳбарияти он суҳбати озоду ошкоро намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки имрўзҳо корхона фаъолияти пурсамар дошта, аз коркарди пахта сар карда, то истеҳсоли маҳсулоти тайёр-либосҳои мардона, занона ва кӯдаконаро аз нахҳои табииро ба роҳ мондааст.
Коргоҳи мазкур 90% маҳсулоти хешро ба кишварҳои хориҷӣ содир менамояд, ки бештари ин кишварҳоро давлатҳои Аврупо ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ «Сайҳун» иттилоъ дода шуд, ки хатҳои муосири технологӣ дар ин корхонаи истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, ба истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои бонуфузи хориҷи мамлакат дастрас ва васлу насб гардидаанд. Таъкид шуд, ки тамоми номгӯи маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона сифати баланд дошта, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки меҳмонон ҳамзамон бо фаъолияти корхонаҳои «Қолинҳои Қайроққум», «Мурғи аълосифат», «Тоҷфилиз», «Фулузоти нодири Тоҷикистон» ва ғайраҳо шинос шуданд.
АКС аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд








Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад






