Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатии вилояти Суғд дидан намуданд

Декабрь 4, 2021 09:09

ДУШАНБЕ, 04.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал оварданд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси  вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати меҳмононро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни боздид аз корхонаи бузурги саноатии «Ҷавонӣ» соҳибкорони вилояти Могилёв бо раванди истеҳсолот дар корхона шинос шуда, бо роҳбарияти он суҳбати озоду ошкоро намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки имрўзҳо корхона фаъолияти пурсамар дошта, аз коркарди пахта сар карда, то истеҳсоли маҳсулоти тайёр-либосҳои мардона, занона ва кӯдаконаро аз нахҳои табииро ба роҳ мондааст.

Коргоҳи мазкур 90% маҳсулоти хешро ба кишварҳои хориҷӣ содир менамояд, ки бештари ин кишварҳоро давлатҳои Аврупо ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти  ҶДММ «Сайҳун» иттилоъ дода шуд, ки хатҳои муосири технологӣ дар ин корхонаи истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, ба истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои бонуфузи хориҷи мамлакат дастрас ва васлу насб гардидаанд. Таъкид шуд, ки тамоми номгӯи маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона сифати баланд дошта, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки меҳмонон ҳамзамон бо фаъолияти корхонаҳои «Қолинҳои Қайроққум», «Мурғи аълосифат», «Тоҷфилиз», «Фулузоти нодири Тоҷикистон» ва ғайраҳо шинос шуданд.

АКС аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд

Декабрь 4, 2021 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст