«СОЛИ НАВ, СОЛИ НАКӮ, СОЛИ ВАФО…». Соли нави мелодиро ҳамроҳ бо аҳли хонавода ва ибрози меҳру муҳаббат таҷлил намоед!
ДУШАНБЕ, 31.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити имрӯза, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шаклҳои дигари бемории сироятии COVID-19 таҳдид менамоянд, кишварҳои ҷаҳон аз гирдиҳамоию хурсандиҳои оммавӣ даст кашидаанд, ки ин ба хотири амнияту тандрустии мардум аст.
«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони мамлакат тамоми тадбирҳо андешида шуда, ин масъалаи муҳим пайваста таҳти назорати қатъӣ қарор гирифтааст. Аз ин рӯ хуб мешуд, ки ҷашни пазиройии Соли нави мелодиро дар хонавода, дар доираи оилаи худ таҷлил намоем. Ҳар нафар мувофиқи шавқу завқ метавонад дастархон орояд, туҳфаҳо харидорӣ намояд, инчунин метавонад хонаро ороиш диҳад ва он барномаҳои ҷолиберо, ки дар шабакаҳои ватанӣ пешниҳод мегарданд, тамошо намояд. Соли нави мелодиро бо аҳли хонавода, бо ибрози ишқу муҳаббат, тақдими туҳфа ва дилгармию умед ба соли нави пурнишот таҷлил менамоем, ки он хотирмон хоҳад буд»,- иброз намуд дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» фарҳангшинос Дилшод Раҳимӣ.
Ба гуфти мавсуф, «Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, тақвими мо аз рӯи тақвими мелодист, ки тамоми ҷаҳон бо он пеш меравад. Мо ҳам аз аввали моҳи январ ҳама нақшаҳоро аз нав мекунем, фаъолият бо нақшаҳои нав оғоз мешавад, яъне соли куҳан ҷамъбаст ва соли нав оғоз меёбад. Аз ин рӯ таҷлили Соли нави мелодӣ барои мардуми тоҷик бегона нест».
Корманди калони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мумина Шовалиева иброз намуд, ки Соли нав ҷашнест, ки дар вақти гузариш аз рӯзи охирини сол ба рӯзи аввалини соли оянда меояд. Яке аз хусусияти ин ҷашн он аст, ки мардум ҳангоми пешвози Соли нави мелодӣ дар гирди дастархон ҷамъ мешаванд. Дар дастархони солинавӣ хӯришҳо, шарбатҳо, мевагӣ ва дигар намуди хӯрокҳо омода месозанд.
«Дар шаби пазироии Соли нав одамон аввал соли кӯҳнаро «гусел мекунанд» — хотираҳо ва хушиҳои соли гузаштаро ба ёд меоранд. Сипас ҳангоми даромадани соли нав барои оянда орзуву нияти нек ва ба якдигар хушию барор таманно мекунанд»,- гуфт мавсуф.
Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки ин ҷашнро бештар кӯдакон мунтазир мешаванд. Зеро аз рӯи афсонаҳое, ки мо ба онҳо нақл мекунем, онҳо бовар мекунанд, ки дар шаби Соли нав «Бобои барфӣ» ба онҳо туҳфа меорад, аммо дар асл туҳфаро волидайн харидорӣ мекунанд, то ҷашн барои фарзандонашон шавқовар шавад. Вақте калон мешаванд, мефаҳманд, ки волидайн ба онҳо туҳфа мехаранд ва дар оянда ин лаҳзаи шодии кӯдакии худро дар фарзандони худ дидан мехоҳанд.
Мардумшинос Мумина Шовалиева иброз медорад, ки беҳтарин лаҳзаи хотирмони соли нав дар сари як дастархон ҷамъ омадану нияту орзуи нек кардан ва хушнуд намудани дили наздикон, маъюбону ятимон буда, кумак расонидан ба барҷомондагон аст.
Соли нав, соли накӯ, соли вафо,
Соли иқболу фараҳ, нуру сафо.
Соли неъмат, соли давлат, соли ишқ,
Соли пирӯзӣ муборак бар шумо!
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз








ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад






