«СОЛИ НАВ, СОЛИ НАКӮ, СОЛИ ВАФО…». Соли нави мелодиро ҳамроҳ бо аҳли хонавода ва ибрози меҳру муҳаббат таҷлил намоед!

Декабрь 31, 2021 11:54

ДУШАНБЕ, 31.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити имрӯза, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шаклҳои дигари бемории сироятии COVID-19 таҳдид менамоянд, кишварҳои ҷаҳон аз гирдиҳамоию хурсандиҳои оммавӣ даст кашидаанд, ки ин ба хотири амнияту тандрустии мардум аст.

«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони мамлакат  тамоми тадбирҳо андешида шуда, ин масъалаи муҳим пайваста таҳти назорати қатъӣ қарор гирифтааст. Аз ин рӯ хуб мешуд, ки ҷашни пазиройии Соли нави мелодиро дар хонавода, дар доираи оилаи худ таҷлил намоем. Ҳар нафар мувофиқи шавқу завқ метавонад дастархон орояд, туҳфаҳо харидорӣ намояд, инчунин метавонад хонаро ороиш диҳад ва он барномаҳои ҷолиберо, ки дар шабакаҳои ватанӣ пешниҳод мегарданд, тамошо намояд. Соли нави мелодиро бо  аҳли хонавода, бо   ибрози  ишқу муҳаббат, тақдими туҳфа ва дилгармию умед ба соли нави пурнишот таҷлил менамоем, ки  он хотирмон  хоҳад буд»,- иброз намуд дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» фарҳангшинос Дилшод Раҳимӣ.

Ба гуфти мавсуф, «Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, тақвими мо аз рӯи тақвими мелодист, ки тамоми ҷаҳон бо он пеш меравад. Мо ҳам аз аввали моҳи январ  ҳама нақшаҳоро аз нав мекунем, фаъолият бо нақшаҳои  нав оғоз мешавад, яъне соли куҳан ҷамъбаст ва соли нав оғоз меёбад. Аз ин рӯ таҷлили Соли нави мелодӣ барои мардуми тоҷик бегона нест».

Корманди калони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих,  бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мумина Шовалиева иброз намуд, ки Соли нав ҷашнест, ки дар вақти гузариш аз рӯзи охирини сол ба рӯзи аввалини соли оянда меояд. Яке аз хусусияти ин ҷашн он аст, ки мардум ҳангоми пешвози Соли нави мелодӣ дар гирди дастархон ҷамъ мешаванд. Дар дастархони солинавӣ хӯришҳо, шарбатҳо, мевагӣ ва дигар намуди хӯрокҳо омода месозанд.

«Дар шаби пазироии Соли нав одамон  аввал соли кӯҳнаро «гусел  мекунанд» — хотираҳо ва хушиҳои соли гузаштаро ба ёд меоранд. Сипас ҳангоми даромадани соли нав барои оянда орзуву нияти нек ва ба якдигар хушию барор таманно мекунанд»,- гуфт мавсуф.

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки ин ҷашнро бештар кӯдакон мунтазир мешаванд. Зеро аз рӯи афсонаҳое, ки мо ба онҳо нақл мекунем, онҳо бовар мекунанд, ки дар шаби Соли нав «Бобои барфӣ» ба онҳо туҳфа меорад, аммо дар асл туҳфаро волидайн харидорӣ мекунанд, то ҷашн барои фарзандонашон шавқовар шавад. Вақте калон мешаванд, мефаҳманд, ки волидайн ба онҳо туҳфа мехаранд ва дар оянда ин лаҳзаи шодии кӯдакии худро дар фарзандони худ дидан мехоҳанд.

Мардумшинос Мумина Шовалиева иброз медорад, ки беҳтарин лаҳзаи хотирмони соли нав дар сари як дастархон ҷамъ омадану нияту орзуи нек кардан ва хушнуд намудани дили наздикон, маъюбону ятимон буда, кумак расонидан ба барҷомондагон аст.

Соли нав, соли накӯ, соли вафо,
Соли иқболу фараҳ, нуру сафо.
Соли неъмат, соли давлат, соли ишқ,
Соли пирӯзӣ муборак бар шумо!

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Декабрь 31, 2021 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар даври ҷамъбастии озмун кадбонуҳои шаҳри Душанбе ғолиб дониста шуданд
Чаро соҳили дарёчаи Оби лояку дарёи Элоки ноҳияи Файзобод бо партовҳои хонаҳо ифлос шудааст? Шарҳи АМИТ «Ховар»
Хизматчиёни давлатӣ дар шаҳри Турсунзода Иди Наврӯзро бо руҳияи баланди миллӣ таҷлил намуданд
Дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн гирифтанд
НАВРӮЗ-ПАДИДАИ АСИЛИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Хадамоти иҷро ҳамоиши идона доир шуд
ФЕСТИВАЛИ ГУЛЧИНИ СУРУДҲОИ ВАТАНДӮСТОНА. Дар он зиёда аз 1000 афсару сарбоз фаъолона иштирок намуд
ПОКИИ МАНУ ҲАВОИ МАН НАВРӮЗ АСТ! Тоҷикистонро дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Дар шаҳри Турсунзода оид ба пешгирии хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ ҳамоиши илмӣ – амалӣ доир шуд
«НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁ, РУШД ВА ҶАҲОНИШАВИИ НАВРӮЗ». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҳамоиш доир гардид
«ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ». Таҳти ин унвон дар ноҳияи Данғара конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд