ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 2 декабр, панҷшанбе, 336-умин рӯзи соли 2021 аст

Декабрь 2, 2021 08:00

2 декабри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» имзо карданд.

***

5 сол пеш, 2 декабри соли 2016 дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои зебо ва қадимию таърихии ин кишвар боздид ба амал оварданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ таҳти номи рамзии «Салом алейкум, халқҳои ҳамеша дӯсти Туркманистон ва Тоҷикистон!» намоиш баргузор гардид.

 2 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди  ғуломдорӣ.

***

Дар Русия- Рӯзи кормандони бонкдорӣ.

***

Дар Мянма- иди миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

2 декабри соли 2014 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия машварати коршиносони тоҷику рус оид ба муҳокимаи созишномаҳо дар самти муҳоҷират баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои фарҳанг, рушди соҳаи сайёҳӣ, маориф ва омодасозии кадрҳои санъати тасвирӣ муҳокима шуданд.

***

2 декабри соли 1870 Рим пойтахти Шоҳигарии Италия эълон шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1977 дар натиҷаи ба садама дучор шудани ҳавопаймои Ту-154 дар наздикии шаҳри Ал-Байдаи Лубнон қариб 60 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

2 декабри соли 2010 дар  iPhone мессенҷери Viber кушода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2016 оши палови Тоҷикистон ба феҳристи созмони илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО ворид гардид.

***

Соли 1971 аввалин маротиба дар рӯйи сайёраи Марс дастгоҳи «Марс-3» фуруд омадааст.

Декабрь 2, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, панҷшанбе, 226-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, чоршанбе, 225-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, душанбе, 223-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, якшанбе, 222-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, шанбе, 221-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, ҷумъа, 220-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, панҷшанбе, 219-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, чоршанбе, 218-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 август, якшанбе, 215-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 август, шанбе, 214-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 август, ҷумъа, 213-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 июл, панҷшанбе, 212-умин рӯзи соли 2025 аст