ТАБОДУЛИ МОЛ ТО 1 МЛРД ДОЛЛАР АФЗОИШ МЕЁБАД. Туркия маҳдудияти раводидӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистонро бекор мекунад
ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маҳдудияти раводидӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Туркия сафар мекунанд, аз моҳи январи соли оянда аз байн бурда мешавад. Ин қарор баҳри густариши ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ, маориф ва дигар соҳаҳо қабул гардид. Дар ин бора 17 декабр роҳбари Вазорати саноат ва технологияи Туркия Мустафо Варанк (ДАР АКС) изҳор дошт, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД.
Вазири Тукия дар ин бора дар Маркази Конгресси Селчуқлуи Қуния, ки Анҷумани соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон баргузор шуд, хабар дод. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, форум бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия бо ибтикори Палатаи савдои Қуния дар ҳамкорӣ бо Палатаи саноати Қуния, Биржаи молии Қуния ва Шӯрои соҳибкорони Туркия – Тоҷикистон ДЕИК доир шуда, дар он Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва Вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия Мустафо Варанк иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вазири Туркия изҳори умедворӣ намуд, ки ҳаҷми савдои дуҷониба миёни Туркия ва Тоҷикистон соли оянда ба 1 млрд доллар хохад расид. Ӯ чунин мешуморад, ки ба ин иқдомоти дуҷониба дар бахши молиёт ва логистика аз ҷониби Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Имсол ҳаҷми савдои дуҷониба миёни кишварҳо дар 10 моҳ ба 362 млн доллар расид.
Вазир изҳор дошт, ки Туркия хостори он аст, ки муносибатҳои таърихӣ ва фарҳангиро бо роҳи густариш додани ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун, алалхусус маориф ва сайёҳӣ равнақ диҳад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар ҳудуди Туркия бидуни раводид то 30 рӯз буду бош намоянд. Дар сурати доштани шиносномаи хизматӣ ин муҳлат ду маротиба – то 60 рӯз дароз карда мешавад ва бо доштани шиносномаи дипломатӣ он то 90 рӯз тамдид карда хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ҳоло бо панҷ кишвар — Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи Шимолӣ (КХДР) низоми бидуни раводид дорад.
АКС: twitter.com








Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






