Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳоро баррасӣ намуд

Декабрь 1, 2021 14:24

ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳоро дар кишвари мо дар Будапешт баррасӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар доираи сафар дар Будапешт муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Сузана Якаб мулоқот намуд. Дар ин мулоқот ҷонибҳо оид ба ҷанбаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, аз ҷумла роҷеъ ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳое, ки ба таҳкими низоми тандурустӣ равона шудаанд, табодули афкор карданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон дар Саммит ва Намоишгоҳи Будапешт-2021 оид ба рушди устувори сайёра, ки 29 ноябр дар Будапешт оғоз гардид, иштирок дорад.

АКС аз ВКХ ҶТ

Декабрь 1, 2021 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид