Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҷанбаҳои калидии шарикиро дар соҳаҳои сиёсӣ ва амниятӣ баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр дар шаҳри Тошканд мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Тери Хакала баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКХ Тоҷикистон.
«Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҷанбаҳои калидии шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, амният ва ҳамкории минтақавӣ табодули назари судманд доштанд», -иброз намуданд дар ВКХ ҷумҳурӣ.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ, аз ҷумла вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва мавзӯъҳои байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 8 декабр дар Конфронси дуюми вазирони «Италия – Осиёи Марказӣ» дар қолаби С5+1 дар Тошканд иштирок намуд.
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






