Тоҷикистон ва СҲИ масъалаҳои ҳамкорӣ ва механизмҳои расонидани кумакҳои башариро ба мардуми афғон баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 декабр дар шаҳри Ҷидда мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли тозаинтихоби Созмони ҳамкории исломӣ доктор Ҳусейн Иброҳим Тоҳо баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ ва ниҳодҳои зерсохтории он ва роҳҳои таҳкими фаъолияти муштарак дар доираи ин созмон баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо инчунин атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи гуманитарӣ дар Афғонистон ва механизмҳои расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми афғон табодули назар карданд.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






